Тоҷики - Sorah Al-Fil ( The Elephant )

Noble Quran » Тоҷики » Sorah Al-Fil ( The Elephant )

Choose the reader


Тоҷики

Sorah Al-Fil ( The Elephant ) - Verses Number 5
أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِأَصْحَابِ الْفِيلِ ( 1 ) Al-Fil ( The Elephant ) - Ayaa 1
Оё надидаӣ, ки Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард?
أَلَمْ يَجْعَلْ كَيْدَهُمْ فِي تَضْلِيلٍ ( 2 ) Al-Fil ( The Elephant ) - Ayaa 2
Оё макрашонро ботил насохт?
وَأَرْسَلَ عَلَيْهِمْ طَيْرًا أَبَابِيلَ ( 3 ) Al-Fil ( The Elephant ) - Ayaa 3
Ва бар сари онҳо паррандагоне села - села фиристод,
تَرْمِيهِم بِحِجَارَةٍ مِّن سِجِّيلٍ ( 4 ) Al-Fil ( The Elephant ) - Ayaa 4
то онҳоро бо сиҷҷил сангборон карданд.
فَجَعَلَهُمْ كَعَصْفٍ مَّأْكُولٍ ( 5 ) Al-Fil ( The Elephant ) - Ayaa 5
Ва ононро чун коҳи пасмонда дар охур сохт.

Random Books

  • Саду як қисса аз ҳаёти Усмон ибни Аффон (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва саввумин хулафои рошидин ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда, домоди Паёмбар (с) Усмон ибни Аффони Қурайшӣ… Зи-н-нурайн ва ҳамсари ду бадри мунир.

    Formation : Муҳаммад Алминшови

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/321610

    Download :Саду як қисса аз ҳаёти Усмон ибни Аффон (Худованд аз У рози бод)Саду як қисса аз ҳаёти Усмон ибни Аффон (Худованд аз У рози бод)

  • Асосҳои сегонаЭй бародари азиз Аллоҳ таъоло туро мавриди лутфу ризвонаш қарор диҳад. Яқин бидон бар ҳар як мусалмон ва мусалмон зан лозим аст, ки се масъаларо ба яқин бидонад ва ба муқтазои онҳо амал кунад. Ва ин китобча ин се амалро барои шумо баён мекунад.

    Formation : محمد بن عبد الوهاب

    From issues : Сомонаи Донишгоҳи Исломии Мадинаи Мунаввара

    Source : http://www.islamhouse.com/p/465

    Download :Асосҳои сегонаАсосҳои сегона

  • Ҳасад аз бемориҳои қалбиҲасад: яъне кинатузи нисбати касе ва хостори аз байн рафтани неъматҳоеки шомили он шуда аст. Баъзеҳо гуфтаанд: Ҳасад ба ҳамон ранҷе мегӯянд, ки шахс ҳангоми бо хабар шудан аз ҳоли касеки вазъаш хуб шуда аст, мебарад. Ҳамчунин гуфтаанд: Ҳасад яъне: Орзӯи дур шудани неъмат аз дигарон. Ба ҳар ҳол ҳасад ҳамон буғзу кина ва кароҳат ва ранҷе аст, ки бо дидани хубии ҳоли маҳсуд ба ҳосид даст медиҳад.

    Formation : Аҳмад ибни Абдулҳалим

    Reveiwers : А. Ҳақназар

    Translators : Алӣ Сорими

    Source : http://www.islamhouse.com/p/380298

    Download :Ҳасад аз бемориҳои қалбиҲасад аз бемориҳои қалби

  • Саргузашти имом АбуҳанифаИн китоб қисми аввали аз саргузашти имом Абуҳанифа мебошад. Нависанда дар ин китоб дар бораи нашъунамо ва талаби илму, устодони имом Абуҳанифа суҳбат мекунад.

    Formation : Мисбоҳиддини Ҳомид

    Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи

    Source : http://www.islamhouse.com/p/204700

    Download :Саргузашти имом АбуҳанифаСаргузашти имом Абуҳанифа

  • Саду як қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод)Дар ин китоб беҳтарин намунаҳо аз лаҳзаҳои ҳаёти босаъодати ин марди наҷиб Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод) бо ҳамроҳии Паёмбари Худо ва дигар саҳобагони киром аз ахлоқи накўву писандида, садоқату вафодори, дўстию рафоқат ва олитарин нишонаи меҳру садоқат, исор ва аз худгузари дар баробари дўст, гирдовари гаштаанд.

    Formation : Муҳаммад Алминшови

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/305041

    Download :Саду як қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод)

Choose language

Choose Sorah

Random Books

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share